Бизнес авиатсия дар Латвия

Aviav

Иҷораи ҳавопаймои хусусӣ дар Латвия – ин хизматрасонии актуалӣ барои шахсоне мебошад, ки вақту бароҳатии хешро қадр мекунанд. Ҷети хусусӣ ҷиҳати фавран ноил гаштан ба мақсадҳои зарурӣ дар бизнес ва саёҳатҳои шахсӣ кӯмак мерасонад.

Авиаброкери пешсафи аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) тамоми намудҳои рейсҳорро пешниҳод мекунад:

— шахсӣ,

— корӣ,

— тиббӣ,

— боркашонӣ,

— ҷашнӣ,

— рекламавӣ,

— саёҳатӣ.

Дар ихтиёри мо ҳар намудҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ: Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus,  Fokker, Saab, Cessna, Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва ғ. қарор доранд, – навъи лозимиро интихоб кунед ва ба саёҳат сафар кунед!

Ширкати «Кофранс САРЛ» бизнес-парвозро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунад:

  • навъи муносиби киштии ҳавоиро барои иҷроиши вазифаҳои шумо пайдо менамоем,
  • барои парвоз дар хатсайри зарурӣ иҷозат мегирем,
  • трансферро дар нуқтаҳои парвозу фудуроӣ пешкаш мекунем,
  • хӯрок ва вақтхушиҳоро дар канор таъмин менамоем,
  • дар вуҷуди зарурият раводидҳо ва суғуртаи тиббиро тартиб медиҳем, отелро брон мекунем,
  • ҷашн ё чорабинии кориро дар парвоз ташкил мекунем,
  • консерж-хизматрасониҳоро дар нуқтаи омад пешниҳод мекунем.

Иҷораи киштии ҳавоӣ дар Латвия барои парвозҳои дохилӣ аз ҳар фурудгоҳ имконпазир аст. Рейсҳои байналмилалӣ аз бандарҳои ҳавоии Рига, Лиепая, Вентспилс пешниҳод карда мешаванд.

Бизнес-ҷетро чй гуна фармоиш бояд дод

Ҳавопаймои хусусиро дар Латвия аз дастгоҳи электронии дорои дастрасӣ ба интернет фавран фармоиш додан мумкин. Дархостро дар сомонаи мо монда, зеринро нишон диҳед:

— нуқтаҳои парвозу фурудоӣ,

— санаҳои саёҳат,

— шумораи мусофирон,

— вазн ва андозаи тахминии бағоҷ,

— оё бо шумо кӯдакон парвоз мекунанд ё не,

— оё шумо бо худ дастпарвардони хонагиро мегиред ё не,

— навъи ҳавопаймо, агар шумо тарҷеҳ дошта бошед,

— хоҳишҳо нисбати парвоз,

—  почтаи электронӣ.

Мисол: «Рига – Москва, 25 декабр – баргашта 3 январ, 5 мусофир бе кӯдак + гурба, тахминан 100 кг бағоҷ, андозааш стандартӣ. Трансфер то ба отел дар Москва, қаҳва бо круассан ва валсҳои Шопен дар парвоз зарур мебошанд. Ходими ҳавопаймо лозим нест».

Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) дархости шуморо бо тезӣ баррасӣ намуда, рӯйхати киштиҳои ҳавоии навъҳои муносиб ва ҳаргуна категорияҳои нархро ирсол мекунад, ки аз байни онҳо интихоб намудани маъқулшуда боқӣ мемонад. Пас, тафсилоти  саёҳатро мувофиқат карда, шартномаи электрониро имзо намуда, ба сафар оромона тайёр шуда метавонед. Ташкили рейсро ширкати мо пурра ба ӯҳдаи худ мегирад.

Афзалиятҳои саёҳат тавассути ҳавопаймои хусусй

  • 1 дақиқа барои тартиб додани дархост.
  • 5 дақиқп барои мувофиқати тафсилот ва имзо кардани шартнома.
  • VIP-толори интизорӣ дар фурудгоҳ (дар вуҷуди зарурият).
  • Шумо навъи ҳавопайморо худ интихоб мекунед.
  • Трансфер то ва аз фурудгоҳ.
  • Рейси бевррсита дар ҳар хатсайр имконпазир аст, ҳатто, агар он дар ҷадвали ширкатҳои ҳавопаймоӣ вуҷуд надошта бошад.
  • Шумо дар байни аҳли шахсони улфат саёҳат мекунед ва бо ҳар кор машғул мешавед.
  • AVIAV TM (Cofrance SARL) тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (раводидҳо, маълумотҳо барои интиқоли ҳайвонот, суғурта ва ғ.)-ро тартиб медиҳад.
  • Ҳамроҳии духтур, доя, тарҷумонро (дар вуҷуди зарурият) фармоиш додан мумкин.
  • Рейсҳои хусусиро дар навбати аввал иҷозат медиҳанд, бинобарин бермонӣ истисно карда мешавад (ба ғайр аз ҳолатҳои ҳавоӣ ғайрипарвозӣ).
  • Шумо на кам аз чор соат сарфа менамоед, ки онҳоро одатан барои гузаштани бақайдгирӣ ва гирифтани бағоҷ гум мекунед.
  • Шумо ба нуқтаи омад пурқуввату серҳаракат ҳозир мешавед ва омода мебошед, ки якбора ба иҷроиши вазифаҳои гузошташуда шурӯъ намоед.

Чаро AVIAV TM (Cofrance Sarl)

  1. Таҷрибаи корӣ дар авиатсияи тиҷоратӣ – 12 сол.
  2. Кормандони русзабон дар штат.
  3. Ҳуқуқшиносони авиатсионии кордоне, ки барои рейсҳои мураккабу ғайристандартӣ иҷозат мегиранд.
  4. Дастрасӣ ба базаи ҷаҳонии киштиҳои ҳавоӣ.
  5. Шарикони боэътимод дар кишварҳои Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ. Ҳамкорӣ бо фрудгоҳҳои пешсафи ҷаҳон.
  6. Сервис «аз ибтидо то интиҳо».
  7. Шаффофияти амалиётҳои молиявӣ.
  8. Кафолати маҳфиятдорӣ, муносибати эҳтиёткорона нисбати мизоҷ ва ҳолати ӯ.
  9. Аъзогӣ дар бизнес-ассотсиатсияҳои бонуфуз: EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association) ва шабакаи пешсфаи чартерии Avinode.
  10. Дастгирии шабонарӯзии мизоҷон тариқи хати таъҷилӣ ва дар чат.

Фармоиши ҳавопаймои хусусӣ дар Латвия – қарори дастрасу босамара аст. Ба AVIAV TM (Cofrance SARL) як маротиба муроҷиат кунед – ва авиатсияи тиҷоратӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти шумо хоҳад гашт!

Яндекс.Метрика